Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Селексия ва навъхои Зардолу - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

Селексия ва навъхои Зардолу

    Районхои селексияи халкии навъхои зардолу ин Узбекистон ва Точикистон ба хисоб меравад. Дар ин махал дар муддати зиёда аз 3-5 хазор сол пеш навъхои зардолухои гуногуни канднокиаш баландро ба амал чори кардаанд, ки дар ягон махали зардолупарвари дунё вучуд надорад.

    Зардолухое, ки дар ин махал чори шуда шуда ба ягон зардолухое, ки дар дигар чойхо холо хозир дар истехсолот чори шуда истодааст монанди надорад. Зардолухое, ки дар Осиёи Миёна истехсол мешудагихам хусусияти бо таври тари истеъмол ва дар холати хушки будан истеъмол карда мешавад, ва инчунин дар корхонахои коркард бо сабаби универсали буданаш истифода бурда мешавад. Мевахои дарахтони махали номбаршуда рангхои хоси худро доранд, ки дар бозорхои чахони талаботи зиёд доранд. Зардолухое, ки гузаштагони мо ихтиро кардаанд онхо хам ба хунуки ва хам нисбат ба касалихое, ки холо хозир дар майдонхои богзорхои хозира вучуд доранд нисбат ба дигар навъхое, ки аз дигар махалхо оварда парвариш карда истодаанд тобовартар будааст. Ин навиштачотро тасдикаш дар он расонахое вучуд доранд, ки солхои 1945-1950 аз чоп баромадаанд шаходат медиханд.

Яке аз маркази дигари пайдоиши зардолу Арманистон буда хелхои зиёди зардолуро мешниход кардаанд. Инчунин институтхои тадкикоти илмии Росия навхои худро баровардаанд. Дар даврахои истехсолии давлати шурави нихолхои навъи зардолухои аз институтхои дар боло номбаршударо ба нихолхои зардолухои зардолухои Исфара нагз мешавад.

Дарахти хушк шудаи онро танашро буред. Мумкин мобайни танаш вай сиёх шудаги бошад, дар хакикат бурида бинем узаки дарахт сиёх шудаги будас, сабабро баъд ёфтем. Вай муйсафедон гуфтанд, ки солхои пеш Исфарагихо омада нихоли худро оварда мешинонидаанд, ки холо хам дар баъзе хонахо вучуд дорад он дарахтхои кухна холо хам сабзида истодааст.

Дар давраи Хукумати Шурави олимону тадкикотчиён, селекционерхо, мутахассисону ва дигарон оиди муайянкарда баровардани навъхои зардолу мехнати ва машакатхои бисёреро карда дар натичаи корхои худ навъхои бисёреро ихтиро кардаанд. Онхо навъхои, ки ин олимон баровардаанд, аксарияташон навъхое хастанд, к ибо таври тару тоза истеъмол мешудаги пусташон тунук барои хушкуни истифода намешаванд, дар вакти гулкуни нисбат ба навъхои махали пеш гул карда дар холати харорати хаво 19-200 С гарм шудан гулхо нобуд шуда умуман ба иклими мо рост намеояд. Як сорти машхурро гуфта мегузарам:

Ном ва шухрати зардолуи «Комсом» ва «Королевский» хеле баланд шуда буд лекин як камбудиаш будааст, ки мо баъд фахмидем дар 10-12 сол як бор хосили дуруст медодааст. Хаммаи хаминхоро ба хисоб гирифта хулоса гуфта метавонам, ки мо бояд як ба кафои худ назар кунем. Зардолухое, ки падару бобоён ва гузаштагони моён ба моен зардолухоеро мерос гузоштаанд онхоро кадрдони намуда онхоро химоя кунем.

Холо хозир ба шумоён зардолухое, ки то давраи хозира ба мо расида омадааст навъхои онхоро пешкаш менамоям. Ин навхое хастанд, ки шухрати чахони дошта монанди надорад.

Аввал ба шумоен сортхои асосие, ки дар Точикистон ва Узбекистон парвариш ёфта истодааст баён мекунам.

Районхои асосии парвариши дарахтони зардолу водии Зарафшон ва дар вилояти Сугд нохияхои Исфара, Конибодом, Бобочон Гафуров ва Ашт ба хисоб меравад. Дар худуди Узбекистон бисёртар дар водии Фаргона, Самарканд ва вилояти Тошканд майдонхои асосии зардолузор чойгир шудааст.

Сортхои районишудаи зардолу дар шароити Точикистон ва Узбекистон

Ин навъхои нишондодашуда навъхое мебошанд, ки шухрати чахони дошта канднокиашон аз хамма баландтарин ягон дигар намудхои зардолухое, ки дар тамоми дунё парвариш меёбанд монанди надошта ва ёфта намешавад.

Дар тамоми дунё 570 намуди зардолу парвариш карда мешавад, лекин монанди зардолухое, ки дар Осиёи Миёна истехсол карда мешавад бехтаринашро ёта наметавонед.






Таркиби химиявии зардолухои Осиёи Миёна

Номгуи намуди навъхо

% Меваи тар

% Меваи хушк

Умуми кандноки

Глюкоза ва фруктоза

Сахароза

Канднокии умуми

Глюкоза ва фруктоза

Сахароза

Хурмои-сурхак

18,89

7,69

11,20

59,93

24,39

35,54

Хурмои-бала

15,70

6,07

9,63

68,60

26,50

42,10

Урмаи-цибруси

16,75

5,82

10,93

60,51

28,03

32,48

Урмаи-чимган

21,41

7,97

13,44

58,17

21,60

36,50

Урмаи-тяншан

15,88

4,91

10,97

58,89

23,05

35,84

Каду-хурмои

19,99

7,92

12,07

65,84

26,14

39,70

Исфарака-кулула

25,85

7,04

18,81

70,55

19,20

51,35

Исфарак-хушруй

14,28

5,28

9,00

55,34

20,46

34,88

Исфарак-сафед

15,48

5,55

9,93

58,10

20,80

37,30

Исфарак-Конибодом

14,68

6,03

8,65

60,80

25,00

35,80

Исфарак-сурх

20,88

8,03

12,85

66,49

25,58

40,91

Мирсанчали-хасак

13,60

4,58

9,02

68,19

28,80

39,39

Мирсанчали-пуркуват

14,99

7,74

7,25

54,70

28,20

26,45

Мирсанчали-сафедак

16,20

6,67

9,55

52,90

21,76

31,14

Мирсанчали-якубов

17,76

2,40

15,36

60,15

7,12

53,03

Мирсанчали-бегохи

13,14

1,21

11,93

56,15

5,17

50,98

Мирсанчали-барвакт

21,68

1,80

19,88

66,09

5,48

60,61

Субхони-Намангони

18,90

7,04

11,86

61,66

23,40

38,26

Субхони-зард

14,60

5,87

8,73

67,94

27,30

40,64

Субхони-калон

16,57

4,83

11,64

44,15

18,40

25,75

Субхони-ковок

18,18

4,39

13,79

53,37

17,08

33,79

Субхони-нав

15,50

4,44

11,06

53,80

15,40

38,40


Аз ин таблица дидан мумкин аст, ки канднокии баланди дар меваи хушки навъхои хурмои-бал ва каду хурмои мавчуд будааст. Ин чиро нишон медихад дар вакти хушк намудани меваи тари ин навъхо меваи хушки зиёд медодааст. Шаксоне, ки бог барои хосилро хушк кардан хамин навъхоро бунёд кунанд хеле хам бехтар мешавад. Сортхои Хурмои-Чимган ва Хурмоии сурхакро барои истехсоли консерваю компот истифода баранд бехтар мебошад. Канднокии ин навъхо зиёд аз стандартхои давлати буда дар вакти коркард сарфи шакар кам сарф карда мешавад.

Дар сортатипи Исфарак навъхои Исфараки-кулула канди бенихоят зиёд дорад, ки аз стандарти давлати кариб канднокиаш 2 баробар зиёд буда барои хушконидан типи бехтарин ба хисоб меравад. Мумкин аз 2,5-3 кг зардолуи тар 1 кг меваи хушк кайса медихад.

Хаминро сортро ёфта шинонем хеле хам дар оянда натичаи баланд медихад. Дар сортатипи Мирсанчали навъхои мирсанчали-хасак ва мирсанчали-барвакти бехтарин буда, инчунин мирсанчали-барвакти бори заводхои коркарди махсулоти бехтарин ба хисоб меравад.

Дар сортатипхои Субхони навъхои субхонии-Намангони ва субхонии-зард барои хушконидан бехтарин ба хисоб рафта навъхои субхонии-намангони ва субхонии-ковок барои заводхои консервабарори махсулоти бехтарин ба хисоб меравад.

Натичаи тадкикотхои олимони Точику Узбек маълум шудааст, ки навъхое, ки аз китъахои Европа, Россия, Арманистон ва як микдор навъхои Турцияю Эрон навъхои ошхонаги буда канднокиаш нисбат ба зардолухои Осиёи Миёна то 2 маротиба кам буда барои хушконидан он кадар натичаи дуруст надодааст. Инчунин пусти меваи тари зардолухои ин давлатхо барои транспортировка тунук будани пустанашон номувофик будааст.

Аз ин хулос бароварда маслихат дода мешавад, ки хар як навъхои сорти махали ба сорти махали худ бехтарин хисобида шуда навъхои сорти махалиро шинонед.

Барои зиёд кардани сортхои махали Институтхои илми истехсоли «Богпарвари» Точикистон, Институти «Богдори» Шрейдери Узбекистон тадкикот бурда навъхои зиёдеро баровардаанд, дар паён камтар маълумот дода мешавад хамонро шинонед.

Сортотипхое, ки дар Точикистону Узбекистон муайян кардаанд пешкаш менамоям ба монанди: Зардолуи Ахрори, Мохтоби, Арзами Катта, Чавпазаки-лучак, говкандак, Хучанди, тулаки, кашфи номбаршудахо дар Точикистон.

Намудхои Хурмои-нав вазни хар як донаи зардолу 40-42 гр

Лимонний вазни дона 35-40 гр,

Субхони-Тошканд вазни дона то 35гр,

Полвон- вазни 1 донааш 45гр,

Фаргона вазни донааш то 40гр,

Узбекистон вазни 1 донааш 40 гр,

Гибридхои Комсамол-Исфарак вазни донааш то 35 гр

Осиё вазни донааш то 40гр,

Тухфа вазни 1 донааш то 30гр ва инчунин гибридхои Розовый вазни 1 донааш 45-50гр ва гайрахоро баровардаанд.

Дар сортхои махалли навъхои зардолухое хастанд, ки бармади меваи хушки аз 2,5 то 3,5кг

Зардолуи тар 1кг кайсаи хушк гирифта мешавад.

Навъхои зардолухое хастанд, ки аз 3,5-4,5 кг зардолуи тар 1кг кайсаи аълосифат медихад.

Зардолухои навъи баъзе сортатипи Исфара ва бобои аз 2,5 то 3,5кг зардолуи тар 1кг кайсаи хушк медихад.

Зардолухое хастанд, ки хеле хушру хушк мешаванд лекин аз 7-8 кг зардолуи тар 1 кг кайсаи хушк медиханд.


Агар менависам гуед хеле хам масъалахои зиёде хаст, корхои бисёре вучуд дорад бисёр фикру мулохизахо акидаву корхои хаст, ки бо навиштан ба охир расонида намешавад.