Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Буриши дарахтон (обрезка) - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

Буриши дарахтон (обрезка)

Буриши дарахтон (обрезка)

Нигоҳубини дарахтони зардолуро аз нимаҳои дуюми моҳи феврал оғоз мекунанд. Дар ҳамин вақт навдаҳои дар қабати поёни шохҳо пайдо шударо бурида шохҳои зиёдатие, ки барои гузаштани шамол монеъгӣ мекунад онҳоро мебуранд. Инчунин дар давраи вегетациони боқимондаи шохҳои шикастаро мебуранд.

Дарахтони зардолуро ҳаминхел обрезка кунед, ки аз мобайнаш шохҳо ва навдаҳои нав бе озор шамол гузарад. Агар дар вақти гул борон борад дарахтони зардолу дар асоси агротехника форма додаги бошаду шамол бемалол гузарад дарахтону шохҳо хушк шуда ба касалиҳои баргсурох ва сухтани (кластоспереоз ва монолиоз) кам дучор мешаванд.

Бо мақсади навдаронии зиёди дуюм (барои ба деркашонии гулкунии дарахтон) буриши баҳорона гузаронида мешавад. Барои чи буриши бахорона гузаронида мешавад?

Бо сабаби он, ки навдаҳое, ки аввали бахор сабзида як муддат боз меистанд ва аз нуги ҷои истодаи навдаҳои аввали баҳори бурем аз чои бурида якчанд навдаҳои нав мебароянду муғчаҳои ҳосилдиҳандаро бисёр тайёр мекунад ва дар натиҷа ҳосил зиёд мешавад. Инчунин гулкунии муғчаҳои ҳосилдиҳандаи ин навдаҳо аз навдаронҳои якум 5-6-7 руз дер гул мекунанд. Дар давраи гулкунии навдаҳои аввали баҳори хунук шуда монад гулҳои аввала зарар мебинаду гулҳои навдаҳои дуюм боқи мемонад. Боз як сабаби буридани навдаҳои якум дар ин аст, ки хеле дароз шуда мераваду дар нугаш муғчаҳои ҳосилдех тайёр мекунад. Мушоҳида намоед навдаҳои бурида аз навдаҳои нобурида қариб чор баробар ҳосилро зиёд медиҳад. Дар давраи 30 солаги зиёд шудани дарахтон ҳосили дуруст надиҳад бо тарики буриши шохҳои 8-10 сола дарахтро чавон (омолажевание) мекунад.

Яке аз усулҳои дигари нигоҳубини дарахтони зардолу дар он аст, ки бо роҳи пошидани махлули охак 2-3 бор ба зардолуҳо то гулкуни вақти гулкунии дарахтонро дер кашонида як миқдор касалшавиро нигоҳ медорад. Ғайри дар боло оиди буриши бахоронаи навдаҳо боз шохҳои шикастагию, шохҳои хушкшуда маълум мешавад дар ҳамин давра бурида мешавад. Ҷойҳои буридаи шохҳоро бо краска ё лой пӯшидан лозим, ки ҷойҳои бурида мекафад зараркунандаҳо ба ҷои кафида дохил шавад ба дарахтон зарар мерасонад.